Худро бисанҷ

Маркази миллии тести 2020

Маркази миллии тести 2020

Хуш омадед ба саҳифаи хизматрасонии “Худро бисанҷ”!

Хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба Шумо имкон медиҳад, ки дар реҷаи онлайн аз қисмҳои А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос) ё субтестҳои алоҳидаи онҳо дар шакли тест имтиҳон супорида, сатҳи дониши худро арзёбӣ намуда, ҳамзамон барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ омода шавед.
Ба Шумо дар ин самт комёбӣ ва бурдбориҳоро хоҳонем!

Маркази миллии тестии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои истифода бурдан аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” доштани почтаи электронӣ ва рамз зарур аст. Рамз бо дархости Шумо ба таври худкор тартиб дода шуда ба почтаи электрониятон фиристода мешавад. Агар Шумо ҳанӯз рамз надошта бошед, пас тугмаи “Дархости рамз”-ро пахш намоед, вагарна аз тугмаи “Воридшавӣ” истифода баред!

Пас аз бехато ворид кардани маълумоти зарурӣ ва пахши тугмаи “Дархости рамз” ба почтаи электронии нишондодашуда мактуби дар мавзӯи “ММТ: дастрасӣ ба хизматрасонии “Худро бисанҷ”” ба таври худкор таҳиягардида фиристода мешавад, ки дар он рамз барои истифодабарӣ аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ҷой дода шудааст.

Агар дар рӯйхати мактубҳои воридотии почтаи электрониятон (масалан, дар папкаҳои “Inbox” ё “Входящие”) чунин мактубро пайдо накардед, пас рӯйхати мактубҳои аз ҷониби система ҳамчун номатлуб пиндошта (масалан, дар папкаҳои “Junk”, “Спам” ё “Нежелательные”)-ро назар кунед.

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ

Информация

Об организации: МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саволҳои худро тариқи тугмаи «Предложить новость» ба мо ирсол намоед. Мо ба онҳо ҳатман ҷавоб хоҳем гуфт!

Маҷмӯи саволҳое, ки бе ҷавоб рад карда мешаванд (он саволҳое, ки ба марказ дахолате надоранд), аз саволҳои пешин дарёфт карда посух гирифта метавонед.

Инчунин, довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – office@ntc.tj низ пешниҳод намоянд. Веб-сайт: www.ntc.tj Показать ещё.

249 записей

Нақшаи қабул – ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ барои соли таҳсили 2020-2020

Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ:

Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11-ум):

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум – “Табиӣ ва техникӣ” →
https://vk.com/doc202197560_488300092
Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм – “Иқтисод ва география” →
https://vk.com/doc202197560_488300276
Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм – “Филология, педагогика ва санъат” →
https://vk.com/doc202197560_488300509
Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” →
https://vk.com/doc202197560_488300611
Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум – “Тиб, биология ва варзиш” →
https://vk.com/doc202197560_488300739

Ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои хатмкардагони синфи 9-ум):

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум – “Табиӣ ва техникӣ” →
https://vk.com/doc202197560_488301467
Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм – “Иқтисод ва география” →
https://vk.com/doc202197560_488301564
Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм – “Филология, педагогика ва санъат” →
https://vk.com/doc202197560_488301687
Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” →
https://vk.com/doc202197560_488301794
Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум – “Тиб, биология ва варзиш” →
https://vk.com/doc202197560_488301993

TJ:
ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 1‑уми марти соли 2020 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи Показать полностью… дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 (ИМД-2020) оғоз кард.

Марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

Тибқи фармоиши мазкур, дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон барои номнавис кардан дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда шудааст.

Довталаб дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) дорад.

Соли ҷорӣ ба низоми ИМД як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) ва 15 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии дигар дохил гардид. Ҳамин тариқ, имсол ба воситаи низоми ИМД ба 35 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 63 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Навгонии дигари низоми ИМД дар соли ҷорӣ ба роҳ мондани қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) аст. Шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) низ ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро аз коллеҷҳо доранд.
1) аз ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳо истифода кунанд;
2) пеш аз ҳозир шудан ба нуқтаи бақайдгирӣ интихобҳои худро дуруст муайян кунанд;
3) ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, ҷобаҷогузории бартарии интихобҳо (яъне дар ҷойи 1‑ум гузоштани комбинатсияи ихтисоси бештар писанд ва ба ҳамин тартиб то 12‑ум), забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома ва ғайра ба хато роҳ надиҳанд.

Лозим ба зикр аст, ки соли ҷорӣ низ хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) фаъол аст. Он имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” почтаи электронӣ доштани хоҳишмандони бақайдгирӣ зарур аст. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ лозим аст.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон АРЗИШИ хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:
— 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;
— 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне,хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);
— 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст:
— шахсоне, ки ятими кул ва бепарастори то 21-солаанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2020 озоданд;
— шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2020 озоданд:
— шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
— маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм, ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2020 озод аст.

Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2020 озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ бошад, 125 (яксаду бисту панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.

Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Соли ҷорӣ бо мақсади имтиҳонсупории довталабон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешавад ва довталаб метавонад, ки дар вақти бақайдгирӣ яке аз ин шаҳрҳо ё ноҳияҳоро ҳамчун макони имтиҳонсупориаш интихоб намояд.

Падару модарон бояд ҳангоми бақайдгирӣ, бахусус аз ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсилро интихоб кардани фарзандонашон огоҳ бошанд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале гирифтани таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Маркази миллии тестӣ марҳилаи иловагии бақайдгирии довталабон барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро муайян намуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2018 иштирок кардан мехоҳанду лекин худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрел) номнавис карда натавонистаанд, мерасонад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ин имтиҳонҳо аз 12 июн оғоз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, то 30 июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12 то 30 июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.

Инчунин барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 12 июн оғоз ва то 20 июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе сурaт мегирад.

Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12 то 30 июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12 то 20 июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18 то 20 июн дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе месупоранд.

Маркази миллии тестӣ аз тамдиди муҳлати бақайдгирӣ то имтиёз ба довталабон

Имрӯзҳо хоҳишмандони қабул ба мактабҳои олӣ ва волидайни онҳо аз ҳарвақта серташвиштаранд. Дар паси дари қабулгоҳ, роҳравҳо, ҳавлии мактабҳо – нуқтаҳои бақайдгирӣ пур аз довталабанд, ки якҷо бо падару модар ва дигар наздиконашон барои сабти ном кардан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар ҷамъ омадаанд. Ҳама аз якдигар мепурсанд: «Шумо ихтисосҳоро аз кадом кластер интихоб кардед?», «Аз кадом ноҳия омадед?»… Ҳарчанд онҳо дар ҳар гӯшаю канори кишвар зиндагӣ мекунанд, аммо ҳамаашонро як мақсад ҷамъ намудааст: дар мактаби олӣ таҳсил намудан. Барои огоҳ гаштан аз ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ ва интихоби касб аз ҷониби довталабон бо чанде аз онҳое, ки барои сабти ном кардан дар нуқтаи бақайдгирии № 01/01, воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳозир шуда буданд, ҳамсуҳбат гаштем. Бештарашон бо дили пур ва боварӣ мегӯянд, ки дониши хуб доранду номи донишҷӯро сазовор мешаванд.

  • Ман як маротиба ҳуҷҷатҳоямро супоридам, аз имтиҳон низ гузаштам, аммо ба донишгоҳ ба тариқи шартнома дохил шудам. Шароити оилавиамон вазнин буд. Барои ҳамин, ба Русия ба муҳоҷират рафтам. Соле баъд боз омада, ҳуҷҷат супоридам. Ин навбат маро ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Хизматро тирамоҳ тамом карда, боз имсол мехоҳам ҳуҷҷатҳоямро супорам. Интихобҳоям аз гурӯҳ (кластер)-и дуюм аст. Умед дорам, ки мегузарам, – нақл кард Афзалшо Ёров, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар паси дари нуқтаи бақайдгирӣ мунтазири навбат буд.

Насимҷон Ризоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ: «Ман кластери якумро интихоб кардам. Мехоҳам, ки ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шавам. Дар кластери якум довталаб кам аст, бовар дорам, ки мегузарам». Ба саволи он, ки чаро ин донишгоҳро интихоб намудааст, номбурда гуфт, ки Донишгоҳи аграрӣ кафедраи ҳарбӣ низ дорад ва бо ин мехоҳад бо як тир ду нишон занад.

Азиза Наботзода, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, кластери сеюмро интихоб намудааст. Ӯ дар суҳбат гуфт, ки худ дӯзанда аст, вале мехоҳад чевари касбӣ шавад. “Тарҳҳои тозаи либосро мехоҳам, ки омода созам. Ба ин хотир ихтисоси дизайнериро интихоб намудам. Маркази миллии тестӣ барои ҳама имконияти якхела додааст, аз он истифода мебарам. Бовар дорам, ки бо донишу ҳунарам ба ин орзуям мерасам».

Дар паси дари нуқтаи бақайдгирӣ шахсони дар навбатистода барои номнависӣ кардан зиёд буданд. Як бону аз ноҳияи Шаҳринав, ки тақрибан 40-сола менамуду аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт: «агар наберадор намебудам, ман ҳам ҳуҷҷатҳоямро месупоридам. Келинам ҳам донишҷӯ аст. Имсол духтарам дохил мешавад. Маркази миллии тестӣ барои ҳамаи хоҳишмандони таҳсил дар макотиби миёнаю олии касбӣ имконияти баробар фароҳам овардааст. Агар мо ҳам дар замони наврасию ҷавониамон чунин шароит медоштем, ҳеҷ гоҳ аз таҳсил намемондем. Замони ҷанг буд. Падару модарам аз тарси ҷонамон намонданд, ки ба донишгоҳ дохил шавем. Имрӯз орзуямро дар ҳаёти духтарам амалӣ кардан мехоҳам. Духтарам ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуданӣ аст. Ба ӯ барои омодашавӣ ба имтиҳон ёрӣ мерасонам. Тестҳояшон осон, умедворам, ки мегузарад.

Абдубосит Нуралиев, корманди Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, сармуҳаррири дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” дар хусуси рафти қабули довталабон гуфт: «Маркази миллии тестӣ чун солҳои пешин қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба макотиби олии кишвар аз 1-уми марти соли равон шурӯъ намуда, он то 15-уми апрел идома хоҳад ёфт. Аз 15-уми апрел эҳтимоли тамдид кардани ин муҳлат то охири моҳ ҷой дорад. Ҳамзамон, аз 16-уми апрел даври якуми азнавбақайдгирӣ шурӯъ мешавад, ки дар он довталабон метавонанд интихобҳои худ – комбинатсияи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шаклу намуди таҳсил ва маълумоти дигарро бо пардохти маблағи иловагии 25 сомонӣ иваз намоянд”.

Тибқи иттилои номбурда, барои аз қайд гузаштан ба довталабон асосан се ҳуҷҷат зарур аст:

  • асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
  • маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ);
  • асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);
  • асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
  • расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”.

Ҳамчунин, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо барои онҳое, ки ба ягон гурӯҳи имтиёздор дохил мешаванд.

Маблағи хизматрасонӣ барои сабти ном ҷиҳати ширкат дар имтиҳонҳо ба ҳар як довталаб имсол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 250 сомонӣ муқаррар карда шудаст.

Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, ҳамчунин, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”-е, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи муқарраршуда озоданд.

Шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд ва маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз маблағи муайяншуда танҳо 50 %-ро, яъне 125 сомонӣ пардохт мекунанд.

Шахсони дорои чунин имтиёҳо ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ асосан дар муассисаҳои таълимие мегузаранд, ки бо техникаю технологияи ҳозиразамон муҷҷаҳазанд. Волидон ё наздикони дигари довталаб дар толори махсус рафти имтиҳонсупориро аз камераҳои назоратӣ, ки дар ҳар як синфхона гузошта шудааст, назорат мекунанд. Маркази миллии тестӣ ҳамаи имкониятҳоро барои шаффофу одилона баргузор кардани имтиҳонҳои дохилшавӣ фароҳам овардааст. Ҳар шахсе, ки донишу маҳорати арзанда дорад, метавонад донишҷӯйро сазовор гардад ва дар ин маврид ба кумак ё воситае ниёз надорад. Аз ин рӯ, довталабонро мебояд танҳо ба донишу маҳорати худ такя карда, ба фиребу дурӯғи касе бовар накунанд, фирефтаи қаллобон нашаванд, таъкид месозад А. Нуралиев

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2018-ро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 30.07.2018. /АМИТ «Ховар/. Имрӯз, 30 июли соли 2018 натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон карда шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, дар ин бора инчунин ба телефони мобилии ҳар як довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони «Телефони мобилӣ» қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шудааст.

Дар паёмаке, ки ба ҳар довталаб фиристода шудааст, маълумоти мухтасар оид ба холҳои бадастовардаи довталаб ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот маълумот дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд.

Ҳар як довталаб имкон дорад, ки холҳои бадастовардаашро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиаш ҷойдошта муқоиса намояд.

Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Маркази миллии тести 2020

Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шуруъ аз 1-уми марти соли ҷорӣ дар кишвар ба қайдгирии довталабон оғоз мегардад.

Бино ба иттилоъи хабаргузории “Ховар”, дар робита ба ин Маркази миллии тестии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.

Маркази миллии тестӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон, сабткунандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди сабти номи довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз 4 феврали соли равон семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.

Зикр гардид, ки мувофиқи нақша дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2020 дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 140 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд.

Тибқи эълон тариқи электронӣ 350 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 347 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.

Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гурӯҳ дар шаҳрҳои мазкур то 16 феврал давом меёбанд.

Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати бештар барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.

Маркази миллии тести 2020

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар радифи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи .

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон | Хатлонский государственный медицинский Университет | Khatlon state medical University.

Сомонаи расмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

3 Dekabr 2016 . Саволу ҷавоб. Cаволҳои худро ба воситаи почтаи электронии [email protected] tjЭтот адрес электронной почты защищен от спам-ботов.

Маркази миллии тести(ММТ) ✓ запись закреплена . Барои ман гуед,ки соли 2020 чи тавр имтихонхо мешаванд,эссе хаст нест?? . агар колеч е ягом ихтисоси дар мед дахл надошта боша тамом када боши имтихон меспори,бо .

Несотрудничество со злом – наш долг в той же мере, что и сотрудничество с добром. Махатма Ганди. Шоковое состояние Мухиддина Кабири и его .

25 ноя 2016 . Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар радифи дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо ибтикор ва .

. иштироки таҷрибаомӯзони курсҳои 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ- забони . МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2020 .

Маркази миллии тести(ММТ) ✓ запись закреплена . Барои ман гуед,ки соли 2020 чи тавр имтихонхо мешаванд,эссе хаст нест?? . агар колеч е ягом ихтисоси дар мед дахл надошта боша тамом када боши имтихон меспори,бо .

Ac Руйхати ихтисосҳо. Ac ММТ- Маркази Миллии Тестӣ.

Китоби дарсӣ. — Душанбе: Эр-Граф, 2011. — 464 с. Китоби дарсии мазкур дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни математикаи олӣ барои мактабҳои олӣ аз руи ихтисосҳои иқтисодӣ навишта.

Мастер-программа MMT является последовательной четырехмесячной магистерской

Помощь Войдитеилизарегистрируйтесь. Маркази Миллии Тести (ММТ). Лента Темы 9 197

ММТ 2020. Заочный этап (1 ноября 2018 — 11 февраля 2020). Русскоязычная лига.

Маркази Миллии Тести ММТ ИДМ > Рохнамои довталаб 2017 > РУЙХАТИ ИХТИСОСХОИ ДОРОИ ИМТИХОНҲОИ ЭЧОДИ ВА МАХОРАТ ВОБАСТА БА ГУРУХИ ИХТИСОСХО МУАССИСАХОИ.

Маркази миллии тести(ММТ) ✔. Информация. Свежие новости.

Отменить подписку на канал «ГБПОУ ММТ им. Л. Б. Красина»?

Маркази Милли тести

подписатса кунитон коментарияба нависен чи даркор ё савол.

Selfie Camera can change your voice now You can enjoy recording video and apply effect like mute, little girl, uncle with your .

Сайт барои Супоридани онлайн тест 2018 — Маркази Милли Тести — onlinetest.ntc.tj.

Тӯли 4 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба макотибҳои оли ва аз байн бурдани ҳолатҳ.

Дар Тоҷикистон марҳилаи қабули донишҷӯён барои таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷараён дорад. Соли шашум аст, ки.

Ин дарс барои як чанд инсонхо фурсате дод ки ройгон дар донишгохои бехатарини Точикистон тахсил кунанд.

Рохи омодашави Ба Маркази Милли Тести . Худро Бисанч. Онлайн: .

Силкай программа барои скачат кардан Бехтарин рохи пул коркуни дар интернет 70 сомони дар.

Ин дарс барои як чанд инсонхо фурсате дод ки ройгон дар донишгохои бехатарини Точикистон тахсил кунанд.

Паёми руз 15.01.2020с «Таъмини шаффофият тарики маркази .»

Ссылка на скачавания — .

10 –уми август дар назди бинои Маркази миллии тестии Тоҷикистон довталабони норозӣ кормандони бехатарии.

Кабинети инфироди — cabinet.ntc.tj.

Маркази миллии тести — Хисоботи даври ММТ ИМД Имтихони марказонидашудаи тести.

Бо вуҷуди дарёфти СМС ё паёмак аз Маркази миллии тестӣ ва огоҳ шудан аз эълони натиҷаи имтиҳонот, субҳи.

Ба шабака обуна ва ба дӯстон тавсия намоед . Шабакаи Точикистон

Кабули довталабон ба мактабхои оли ва колечхо тарики имтихонсупори дар марказхои милли Тестии назди.

Имсол довталабони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта хоҳанд.

Маркази миллии тести 2020

Санаи 31-уми январ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии “Ховар” нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Директори марказ Хуршед Икромӣ зимни суханронии худ доир ба фаъолияти марказ дар соли 2018 хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро яке аз навгониҳои низоми ИМД номид. Ӯ аз ҷумла қайд намуд:

“Низоми “Пешномнависӣ” дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар хона бо ёрии падару модар, ё устодон ихтисоси ояндаашро интихоб намуда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Яъне низоми “Пешномнависӣ” ба довталаб имкон медиҳад, ки довталаб дигар дар назди нуқтаҳои бақайдгирӣ соатҳо вақти худро сарф намуда интизорӣ накашад.

Соли 2018 дар 55 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои доимӣ ва сайёрии бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Ва мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила 95819 нафар довталаб аз қайд гузаштанд. Аз шумораи умумии довталабони азқайдгузашта 89353 нафарашон имтиҳон супориданд ва аз инҳо 70 ҳазору 822 нафар ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, 60 ҳазору 701 нафарашон сазовори номи донишҷӯ гардиданд.”

Дар солҳои қаблӣ довталабоне, ки аз Маркази миллии тестӣ ноком мешуданд, таҳсилоти худро дар коллеҷҳои хусусӣ идома дода, пасон ба муассисаҳои олӣ интиқол мегирифтанд. Вобаста ба ин масъала Хуршед Икромӣ чунин ибрози ақида кард:

“Ҳукумати кишвар ин камбудиро дар соли 2020 бартараф намуд. Яъне дар соли 2020 тамоми муассисаҳои касбӣ ва олӣ ба Маркази миллии тестӣ ворид шуданд.”

Маврид ба зикр аст, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ мебошад.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ
ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАРОМИ ПОЙТАХТ

Маркази миллии тестӣ-муайянкунандаи сатҳи дониш ва маҳорати довталабон

Падару модарон ва даҳҳо ҳазор хатм­кунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад.

Рушди мактабу маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Агар то замони Истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст.

Дастоварду комёбиҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи мактабу маориф кам нестанд ва бе ҳеҷ шакку шубҳа яке аз муваффақиятҳои назаррас дар ин самт таъсиси Маркази миллии тестӣ мебошад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 114 аз 5 — уми марти соли 2008 Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ҳамчун муассисаи зертобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти ҷумҳурӣ ва бо дарназардошти аҳамияти баланд доштани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ИМД) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 138 аз 10-уми феврали соли 2014 муассиса тобеияти идориашро дигар карда, дар заминаи он Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар соли 2014 – нахустин соли баргузории ИМД ба низоми имтиҳонҳои мазкур 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дохил гардид. Соли 2017 шумораи умумии муассисаҳои таълимие, ки қабули донишҷӯён ба онҳо аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд, 81-торо ташкил дод, ки аз он 34-тояш муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 47-тоаш муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) аст.

Бо таъсис ва ба фаъолият шурӯъ намудани ММТ мушкилоте, аз қабили зуҳуроти коррупсионӣ – тақаллубкорию беадолатию нобаробарӣ, “тағо”-бозию воситакобӣ ва ғайра зимни қабул ба мактабҳои олӣ аз байн рафт. Инчунин, ташвишу ранҷу азобҳои довталабону наздикони онҳо дар заминаи замонию маконӣ хотима ёфт. Дигар зарурате барои аз гӯшаҳои дурдасттарини кишвар ба муассисаи таълимӣ ҳозир гаштани довталаб бо сарфи вақту маблағи зиёд ҷиҳати имтиҳонсупорӣ намонд. Акнун ҳар довталаб дар маҳалли зисти худ (ё ба он наздик) метавонад, ки бо пардохти андаке маблағ дар муҳлати муайян худро номнавис карда, баъдан имтиҳон супорад. Бо мақсади дастрасии баробари хоҳишмандон ва осонии кори онҳо, озоду шаффоф баргузор намудани имтиҳонҳо дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар тибқи ин низом марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шуда, ба ҷуз давраҳои асосии бақайдгирӣ, ҳамчунин барои онҳое, ки дар ин давра берун аз ҷумҳурӣ қарор доранд ё бо сабабҳои узрнок дар ин давра худро номнавис карда наметавонанд, марказ давраҳои иловагии бақайдгириро роҳандозӣ мекунад.

Аз он лиҳоз, ки хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олию миёнаи касбӣ ҳангоми бақайдгирӣ ҳаққи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дорад, имкониятҳои онҳо дар ин замина афзуд.

Аз ҳама муҳимаш, довталаб танҳо дар асоси донишу маҳорат ва лаёқати худ ба номи донишҷӯй сазовор мегардад. Номнависии довталабон ҷиҳати иштирокашон дар ИМД ва натиҷаи ин имтиҳонҳо низ тавассути технологияи муосир ва навтарин роҳандозӣ карда мешавад, ки ин барои шаффофу одилона ва бе тақаллубкорӣ гузаронидани онҳо муҳим аст. Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии миёнаю олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси натиҷаи имтиҳонҳояшон ба таври худкор бо истифода аз барномаи компютерии махсус бе таъсири омили инсонӣ анҷом дода мешавад. Ҳар шахсе, ки аз технологияҳои иттилоотӣ огоҳӣ дорад, ба осонӣ дарк мекунад, ки анҷом додани чунин тақсимот (қариб 70 000 довталаб, масалан, дар ИМД – 2017) ба таври дастӣ берун аз тавони инсонӣ аст.

Сол ба сол доираи фаъолияти марказ фарох мегардад. Соли дуввум аст, ки бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути ин муассиса баргузор мегардад ва ҳамасола шумораи довталабони ба муассисаҳои таълимии миёнаву олии касбии кишвар дохилшаванда меафзояд.

Абдувосид Юлдошев, ёвари директори Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон, зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки дар ду даври бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД дар соли 2017 ҳамагӣ 96541 нафар довталаб номнавис шуд, ки ин шумора нисбат ба соли 2016 10928 нафар (14,83 %) ва нисбат ба соли 2015 11913 нафар (14,08 %) зиёд аст. Шумораи умумии довталабони дар ду марҳала бақайдгирифта (96541 нафар) нисбат ба шумораи умумии ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар соли 2017 ҷудогардида, ки 65144-торо ташкил медиҳад, 31397 нафар, яъне 48,20 % зиёд аст. Шумораи умумии довталабони аз қайдгузашта дар ИМД-и соли 2017 53590 нафар писар (55,51%), 42951 нафар духтар (44,49%); соли 2016 48 844 нафар писар (57,71%), 35 784 нафар духтар (42,28%); соли 2015 45 873 нафар писар (62,24%), 27 827 нафар духтар (37,76%)-ро ташкил медод, ки ин гувоҳи сол аз сол зиёдшавии донишҷӯдухтарон аст.

Агар иштироки довталабонро дар соли равон вобаста аз шумораи умумии бақайдгирифтагон аз рӯйи шаҳру ноҳияҳо таҳлил намоем, довталабони шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Файзобод, Варзоб, Кӯлоб, Роғун, Восеъ ва Истаравшан дар имтиҳонҳо иштироки нисбатан фаъол дошта, довталабони шаҳру ноҳияҳои Мурғоб, Хуросон, Исфара, Ҷайҳун ва Дӯстӣ дар имтиҳонҳо нисбатан камтар ширкат кардаанд, – илова намуд Абдувосид Юлдошев.

Барои он ки мо ба шаффоф будани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бовар ҳосил намоем, бо чанде аз омӯзгорони мактабҳои олии кишвар ва довталабон, инчунин волидони довталабон низ ки соли ҷорӣ донишҷӯй шуданд, мусоҳиб гардидем.

Нозимшоҳ Ҳасанов – котиби масъули комиссияи қабули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ нисбат ба имтиҳонҳо ва қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон чунин ибрози назар намуд.

-Бисёр хуб шуда, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳо ба маҳалли зисти онҳо наздик ба роҳ монда мешавад, ки ин барои сарфаи вақт ва ҳам маблағи довталабон мусоидат мекунад, ташвишу саргардониҳояшонро низ кам карда, аз рух додани амалҳои коррупсионӣ пешгирӣ хоҳад кард. Вале ман як пешниҳод дорам, хуб мешуд, ки тақсимоти довталабон дар асоси Сертификати аз тарафи Марказ додашуда бо нишондоди холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб дар муассисаҳои таълимии марбута амалӣ мегардид ва барои ихтисосҳои равияи эҷодӣ ва маҳорати махсус дошта (меъморӣ, дизайн ва ихтисосҳои ба он монанди дигар) кластери ягона пешбинӣ шавад.

Ҳамсуҳбати дигари мо Фарҳод Мирахмедов – котиби масъули комиссияи қабули Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикис­тон ба номи Мирзо Турсунзода иброз намуд, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумурии Тоҷикистон таъсирашро барои тайёр намудани кадрҳои ба сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯй мегузорад. Ин марказ яке аз дастовардҳои назарраси замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илму маориф мебошад. Ҷавононе, ки аз дурдасттарин деҳаҳои ҷумҳурӣ сазовори номи донишҷӯй мешаванд, ифтихор аз Истиқлолияти давлатии мамлакат ва дастовардҳои он менамоянд ва аз роҳандозии чунин як низом шоданд.

Модари довталабе аз ноҳияи Фархор қайд кард, ки имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ, ки писарам дар он иштирок кард, дар яке аз мактабҳои ноҳия баргузор гардид ва ман тамоми рафти имтиҳонсупории писарамро аз тариқи монитори ба камераҳои назоратӣ васлшуда назорат кардам. Дигар падару модароне, ки дар он толор ҳузур доштанд, низ имкон доштанд, ки имтиҳонсупории фарзандонашонро аз тариқи монитор мушоҳида кунанд. Имрӯз писарам ба гурӯҳи буҷавии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон қабул гардид.

Довталаб, писари мавсуф, — илова намуд, ки вақте ман 12 ихтисосро интихоб кардам, зумрае аз дӯстонам мегуфтанд, ки ту бояд ҳатман ягон “тағо” ёфта, пул диҳӣ, то ба мактаби олӣ қабул шавӣ, аммо ман ба донишу саводи худ такя намудаму, чунонки фаҳмидед, имрӯз сазовори номи донишҷӯй шудам. Ба ҳама ҳамсолон гуфтаниям, ки фирефтаи макру қаллобии дигарон нашуда, ба донишу маҳорати хеш такя кунанд, ва албатта, муваффақ мешаванд. Ба Ҳукумату давлатамон барои ин ҳама ғамхориву имкониятҳое, ки ба мо — ҷавонон додаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда медиҳам, ки дар оянда як мутахассиси хуб шуда, барои пешрафти кишварам саҳми худро гузорам.

Меҳрафшон Асанова, ҷавондухтаре, ки худро аз ноҳияи Ишкошим муаррифӣ намуд, изҳор дошт, ки ман ба шаффофия­ти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ боварии комил дорам, зеро худ довталаб будаму ин ҳамаро дидам. Модараш, ки бо ӯ буд, — афзуд, ки ман ба донишу лаёқати духтарам бовар доштам ва тавсия додам, ки тамоми ихтисосҳояшро тибқи таҳсили буҷавӣ интихоб кунад. Ӯ чунин кард ва хушбахтона, сазовори номи донишҷӯй гашт. Ин ҳама ба шарофияти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ далолат мекунад.

Дар ҳақиқат, таъсиси Маркази миллии тестӣ дар ҳаёти ҷомеа ва давлати мо падидаи фараҳбахшу назаррас аст. Мардуми кишвар аз ин муассисаи навбунёд умеду орзуи зиёд доранд. Умед аст, ки фаъолияти ояндаи он барои дастрасии баробари ҳама ба таҳсилот, махсусан барои духтарони илмҷӯю маърифатдӯсти кишвар имкони бештару шароити мусоид фароҳам оварда, дар баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати хонандагон ва беҳтар намудани сифати таълим дар ҳама зинаҳои таҳсилот саҳму таъсири назаррас хоҳад расонд.

Be the first to comment

Leave a Reply

Your email address will not be published.


*


Adblock detector